Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти як марди 22-сола барои "бачабозӣ"


Акс аз сомонаи vkd.tj

Акс аз сомонаи vkd.tj

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як сокини 22-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ бо иттиҳоми бачабозӣ нисбат ба писари ҳамагӣ 5-солаи бародараш хабар дод. Дар гузориши нашршуда дар сомонаи ин вазорат гуфта мешавад, ки С.А., соли таваллудаш 1993, рӯзи 3 март "ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҳаракати зӯроварии дорои хусусияи шаҳвонӣ" дастгир карда шуд. Бино ба ин манбаъ, С.А. "ҳамон рӯз, тахминан соати 13:20-дақиқа дар ҳавлии истиқоматиашон аз вазъияти оҷизонаи писари хурдсоли бародараш А.С., соли таваллудаш 2010, истифода бурда, бо роҳи зӯроварӣ нисбаташ кирдорҳои бачабозиро анҷом додааст. Дар натиҷа хурдсол аз ҷароҳати бардоштааш дар беморхона бистарӣ шудааст." Алайҳи С.А. парвандаи ҷиноӣ кушодаанд ва таҳқиқ идома дорад.

XS
SM
MD
LG