Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар Маскав


Қоҳир Расулзода ва Игор Шувалов

Қоҳир Расулзода ва Игор Шувалов

Дар шаҳри Маскав нишасти машваратии комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд. Дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 4 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зимни ин нишаст ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дутарафа дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, молия, коммуникатсия, энержӣ, нақлиёт ва маорифро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст сарвазир Қоҳир Расулзода ва ҷониби Русияро муовини аввали нахуствазири он кишвар Игор Шувалов раҳбарӣ карданд. Дар ин мулоқот ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар Русия Имомиддин Сатторов ва сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Флоров ширкат доштанд. Танзими муҳоҷират ва ҳалли мушкилоти муҳоҷирон аз масоили калидии гуфтугӯи тарафҳо дар ин нишаст будааст.

Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Маскав, муовини аввали нахуствазири Русия дар маросими оғози нишасти машваратӣ аз сатҳи ҳамкориҳои Душанбе ва Маскав дар соли гузашта ба вижа дар бахши ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, қаноатмандӣ кардааст. Русия ба содироти маҳсулоти мевагии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кардааст ва ҳамзамон дар назар дорад, ки дар таъсиси марказҳои омӯзиши забони русӣ ва мактабҳои русӣ дар марокизи ноҳияҳои Тоҷикистон, мусоидат намояд.

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ин нишаст гуфтааст, ки кишвараш омода аст, ки гуфтугӯҳо бо шарики стратегии худ Русияро дар масоили муфид барои ҳар ду тараф, идома бидиҳад. Оқои Расулзода бо ишора ба афзоиши тиҷорат миёни ду кишвар гуфтааст, ки мизони табодули коло миёни Тоҷикистон ва Русия дар соли 2014 сиву ҳафт дарсад боло рафта ва 1,2 миллиард долларро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG