Пайвандҳои дастрасӣ

Озодии 14 муҳоҷири бандмонда дар Абхозистон


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, бо мусоидати дипломатҳои сафорат 14 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Абхозистон ба кишвар баргардондаанд. Ин афрод барои қонунӣ кардани ҳузури худ дар Русия ба Абхозистон рафтаанд, вале баъди бозгашт ба қаламрави Русия маълум шудааст, ки онҳо ба сабаби риоят накардани меъёру муқаррароти муҳоҷират дар Русия аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум шудаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 4-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ хабар дод, баъди муроҷиати шаҳрвандони кишвар, хадамоти консулгарӣ масъалаи бозгашти онҳоро ҳал кардааст. Азбаски миёни Тоҷикистон ва Абхозистон, ки худро мустақил эълон кардааст, роҳҳои мустақими иртиботӣ вуҷуд надорад, шаҳрвандони Тоҷикистон баъди вуруд ба он минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон ба мушкил дучор мешаванд.

Сафорат борҳо аз шаҳрвандони кишвар хостааст, ки ба Абхозистон сафар накунанд, зеро ба мушкили ҳуқуқӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG