Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси марз идома меёбад. Ин бор дар Душанбе


Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев. Бишкек, 3 июли соли 2014

Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев. Бишкек, 3 июли соли 2014

Ҳайати ҳукумати Қирғизистон таҳти раҳбарии муовини сарвазир Абдураҳмон Маматалиев рӯзи 4 март ба Душанбе парвоз кард. Шӯъбаи иттилоотии ҳукумати Қирғизистон гуфт, аз 4 то 7 март дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи навбатии кумиссиюни байнидавлатии таъйин ва аломатгузории марз баргузор мешавад. Бино ба ин манбаъ, дар нишасти Душанбе аз ҷумла мавзӯи «сохтани вертикали ҳуқуқӣ» ҷиҳати таҳқиқи қонунҳои ду кишвар дар масъалаи тайъин ва аломатгузории қисматҳои то ҳол баҳсии марзи ду кишвар баррасӣ мешавад.

Ҷониби Тоҷикистон дар музокироти марзӣ бо Қирғизистон муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон раҳбарӣ мекунад.

Аз 971 километр марзи мустақими Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо 506 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Вале ихтилофи назари ду кишвар дар масоили марзӣ боис шуд, ки тайи 6 соли охир ду кишвар дар масъалаи таъйини марзҳои худ ягон километр пеш нарафтанд. Соли гузашта дар беш аз 30 таниши марзӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, асосан дар марзи навоҳии Исфараву Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо вилояти Бодканд се шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як афсари нирӯҳои марзбонӣ кушта ва аз ҳарду тараф ҳудуди 20 нафар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG