Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти падари Амонуллои Ҳукуматулло


Амонуллои Ҳукуматулло

Амонуллои Ҳукуматулло

Ҷасади Ҳукуматулло Расулов – падари Амонуллои Ҳукуматулло (Ҳукумов), раиси собиқи идораи роҳи оҳани Тоҷикистон, рӯзи 4 март дар ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар ба хок супурда шудааст.

Абдуманнон Қаландаров, котиби ҷамоати Бӯстонқалъа, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар ҳуҷҷатҳо соли таваллуди падари Амонуллои Ҳукуматулло 1895 навишта шудааст ва имсол ӯ ба синни 120 расид”. Қаландаров гуфт, дар маросими ҷанозаи Ҳукуматулло Расулов теъдоди зиёди одамон иштирок доштаанд.

Ба қавли котиби ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар, Ҳукуматулло Расулов яке аз афроди кӯҳансол ва намунаи ибрат дар ин ҷамоат будааст.

XS
SM
MD
LG