Пайвандҳои дастрасӣ

Баёнияи генерали амрикоӣ дар бораи Украина


Ба тахмини низомиёни Амрико, 12 ҳазор сарбозони Русия ба ҷудоиталабони тарафдори Маскав дар шарқи Украина кӯмак мекунанд. Бен Ҳодс, фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Амрико дар Аврупо гуфт, дар ҳайати ин нерӯҳо, мушовирони низомӣ, хадамаи тӯпхона ва нерӯҳои ҷангӣ шомиланд. Ба гуфтаи генерали амрикоӣ, дар нимҷазираи Қрим, ки Русия соли гузашта ба қаламраваш ҳамроҳ кард, 29 ҳазор сарбози рус ҳузур доранд. Бен Ҳодс, рӯзи 3-уми март дар шаҳри Берлин гуфт, вақте Русия ба Украина силоҳ мефиристад, обрӯи раиси ҷумҳур Владимир Путин дар Русия боло меравад, аммо вақте “ба модарон ҷасадҳои фарзандонашонро меоранд, онгоҳ ҳимояти мардумӣ камтар мешавад.” Давлати Русия иддаоҳо дар бораи кӯмак ба ҷудоиталабонро рад мекунад. Бен Ҳодс ҳамчунин гуфт, “Украина ба иттилоот, тавоноии ҳамлаи ҷавобӣ ва чизе эҳтиёҷ дорад, ки тавонад пеши роҳи тонки русиро бигирад.” Ҳукумати Амрико то кунун дар бораи ирсоли силоҳ ба Украина қароре қабул накардааст ва гуфтаи Бен Ҳодс, ҳамчунон тарафдори ҳалли дипломатии муноқиша аст.”

XS
SM
MD
LG