Пайвандҳои дастрасӣ

Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон Ф.М. - устоди донишгоҳи давлатии тиҷорат дар Хуҷандро барои азхудкунии маблағи солонаи таҳсили ду донишҷӯ муттаҳам мекунад. Васлибек Назаров – як масъули Оҷонсӣ дар шаҳри Хуҷанд, ба Радиои Озодӣ гуфт, “Ф.М. аз ду донишҷӯи ҳамин донишгоҳ, ки ба шакли шартномавӣ таҳсил мекарданд, 500-долларӣ гирифта, аммо онҳоро ба хазина насупоридааст. Баръакс, онҳоро барои рӯзгораш сарф намудааст.”

Мусоҳиби мо гуфт, ду донишҷӯи донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Хуҷанд охирҳои моҳи феврали соли ҷорӣ ба онҳо муроҷиат карда, дар ин бора хабар додааст. Оҷонсии зидди коррупсия мегӯяд, алайҳи ин устоди донишгоҳ бо иттиҳоми “қаллобӣ” парванда боз кардааст.

“Феълан вай дар озодӣ мебошад ва дар сурати пардохтани маблағи азхудкардааш имкон дорад идомаи тафтиши парванда қатъ шавад,”-гуфт Васлибек Назаров.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG