Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркиш дар кони Донетск 32 нафарро кушт


Дар таркиши гази метан дар яке аз конҳои ангишти шаҳри Донетски Украина 32 нафар кушта шудаанд. Дар ин бора Володимир Ҳройсман, раиси порлумони Украина, хабар дод. Ӯ дар нишасти Верховния Рада, порлумони кишвар гуфт, фоҷиа субҳи 4-уми март дар кони Засядко рух додааст ва то ин замон 32 нафар кушта шудаанд. Шаҳри Донетск дар тасарруфи ҷудоиталабони тарафдори Русия аст ва онҳо мегӯянд, ки баъди таркиши қавии гази метан дар кони ангишт 73 нафар дар дохили кон банд мондаанд. Юлиана Бедило, як мақоми ҳукумати худхондаи Донетск гуфтааст, 14 нафари дигар захм бардоштаанд. Ба гуфтаи ӯ таркиш бар асари тирандозӣ аз тӯпхона ба вуқӯъ напайвастааст. Донетск аз саҳнаҳои асосии ҷанг байни ҷудоиталабон ва нерӯҳои давлатии Украина буд ва аз тӯпхона ҳам зиёд дар онҷо истифода шудааст. Дар муноқиша, ки аз моҳи апрели соли гузашта оғоз ёфт, то кунун 6 ҳазор нафар ҳалок шудаанд. Баъди созиши оташбаси 12-уми феврал даргириҳо фӯру нишастанд.

XS
SM
MD
LG