Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари "Олимпиакос" футболбозонро ҷарима кард


Раҳбари клуби "Олимпиакос"-и Юнон Евангелос Маринакис футболбозонро барои иҷро накардани вазифаҳои дар наздашон гузошташуда, аз ҷумла, маҳрум мондан аз идомаи сабқат дар Лигаи Аврупо ба маблағи 500 ҳазор евро ҷарима кард. Дар ин бора хабаргузории AFP рӯзи 3 март хабар дод. Дар марҳалаи шонздаҳякниҳоии Лигаи Аврупо тими юнонӣ дар ду бозӣ бо дастаи украинии “Днепр” бо ҳисоби умумии 2 бар 4 шикаст хӯрд.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, президенти клуб Евангелос Маринакис баъд аз ин бохт ба футболбозон гуфтааст, ки "Олимпиакос" анъанаҳои қадима дорад ва бозӣ дар ҳайати ин даста барои ҳар футболбоз шараф аст». «Агар шумо ба клуб ва таърихи он арҷ намегузоред, мардонавор дастаро тарк кунед. То он замоне, ки шумо дар ҳайати "Олимпиакос" бозӣ мекунед, шумо бояд ҳама маҳорати худро сарф карда ба клуб фойида биёваред. Шумо бояд чемпиони Юнон ва ва соҳиби Ҷоми кишвар шавед. Ман бо ягон натиҷаи дигар муросо нахоҳам кард”, гуфтааст Маринакис.

Зимнан, ин гуна сиёсати шадиди президнети клуби "Олимпиакос" самар меоварад – баъд аз 25 бозӣ даста дар чемпионати Юнон дар хатти аввал қарор дорад.

XS
SM
MD
LG