Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борис Немтсов дар Маскав макони охират ёфт


Ҷанозаи сиёсатмадори мухолифи давлати Русия Борис Немтсов рӯзи 3 март дар оромгоҳи Троекуровское дар Маскав дафн карда шуд. Борис Немтсов, шоми 27 феврал дар канори Кремли Маскав дар ҳоле кушта шуд, ки ҳамроҳ бо модели украинӣ Анна Дуритская тарафи манзилаш мерафт.

Рӯзи сешанбе дар Маркази ба номи Сахаров дар Маскав маросими видоъ бо ин сиёсатмадори маъруф баргузор гардид, ки дар он ҳазорон нафар, аз ҷумла, муовини нахуствазири Аркадий Дворкович, намояндаи президент дар Думаи давлатӣ Гаррӣ Минх, раиси ширкати “​Роснано” Анатолий Чубайс, раиси ҳизби “Яблоко” Григорий Явлинский, собиқ вазири молия Алексей Кудрин, сиёсатмадорон Михаил Касянов, Ирина хакамада, чанд тан аз вакилони Думаи давлатӣ. нахуствазири пешини Бритониё Ҷон Мейҷор, сафирони ҳама кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, сафири ИМА дар Русия Ҷон Теффт ширкат доштанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, бархе аз сиёсатмадорони аврупоӣ аз ширкат дар маросими вилоъ бо Немтсов маҳрум монданд. Шоми душанбе дар фурудгоҳи “Шереметиево” ба вакили Парлумони Аврупо аз Латвия Сандра Калниете иҷозаи вуруд ба Русияро надоданд. Раиси палатаи болоии парлумони Лаҳистон Богдан Борусевич ҳам дар маросим ҳузур надошт, зеро ӯ ба феҳристи афроди вурудашон ба Русия мамнӯъ шомил аст.

XS
SM
MD
LG