Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гумонбар дар куштори наттоқи узбак


Раҳматулло Мирзоев
Раҳматулло Мирзоев

Мақомоти Узбакистон хабари куштори наттоқи маъруфи телевизиони кишварро тайид карда ва гуфтанд, ки гумонбар дар ин ҳодиса боздошт шудааст.

Вазорати умури дохилии Узбакистон рӯзи 3 март хабар дод, ки дар куштори наттоқи телевизион Раҳматулло Мирзоев як сокини 21-солаи ноҳияи Зангиота айбдор мешавад. Гумонбари кушторро чанд соат баъд аз он боздошт карданд, ки ҷасади Раҳматулло Мирзоев бо чанд зарби корд дар наздикиҳои манзили зисташ ошкор шуд.

Муфаттишон мегӯянд, ки сабабҳои рӯй додани ин ҳодисаро тафтиш мекунанд.

Раҳматулло Мирзоеви 61 сола тайи чиҳил сол корманди телевизиони давлатии Узбакистон буд.

XS
SM
MD
LG