Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши нави НАНСМИТ аз монеагузориҳо


Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ рӯзи баргузории интихоботи Маҷлиси Намояндагон оид ба маҳдудияту нақзи ҳуқуқи хабарнигорон як мониторниг анҷом додааст, ки ба тозагӣ онро нашр хоҳад кард. Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ, рӯзи 3 март ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони онҳо рӯзи 1 март чанд мавриди эҷоди маҳдудият ва нақзи ҳуқуқи рӯзноманигоронро дар амри инъикоси ҷараёни раъйдиҳии мардум сабт намудаанд.

Вай гуфт, бар асоси бозрасии онҳо, рӯзи интихобот ба сомонаи хабаргузории “Азия-Плюс” ҳамлаи ҳаккерӣ сурат гирифт ва саҳифаи фейсбукии масъули дафтари матбуоти Ҳизби наҳзати исломӣ Маҳмудҷон Файзраҳмонов шикаста ва аз номи вай дар Фейсбук дар бораи интихобот гузориш нашр шуд. Нуриддин Қаршибоев афзуд, субҳи барвақти рӯзи интихобот ирсоли СМС ба ҷуз аз ширкати Билайн, дар дигар ширкатҳои мобилӣ имконнопазир шуда буд: "Ҳамчунин, кормандони Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мушоҳида карданд, ки дар участкаи интихоботии рақами 47-и Душанбе ба бархе аз хабарнигорон иҷозат надодаанд, то аз ҷараёни раъйдиҳии мардум гузориш омода кунанд."

Тибқи мониторинги НАНСМИТ, дар участкаи интихоботии шумораи 15-и шаҳри Душанбе, ки президент Эмомалӣ Раҳмон дар он ҷо раъй дод, расонаҳои давлатӣ иҷозат дода шуданд, аммо хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ, ба ҷуз ширкати телевизионии “МИР”, ба он роҳ наёфтанд. Аммо Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ва узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи интихобот аз ҷониби ҳеч хабарнигор шикоят нарасидааст ва барои дастрасии онҳо ба натиҷаи ҷараёни раъйдиҳӣ тасмим гирифта шуд, ки аз тариқи телевизион хабар дода шавад, то ҳамаи рӯзноманигорон натиҷаи овоздиҳии мардум дар ҳавзаҳои кишварро дарёфт намоянд.

XS
SM
MD
LG