Пайвандҳои дастрасӣ

“Доктор Абдуллоҳро Ҷалолатмаоб хитоб кунед”


Раёсати иҷроии ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон аз тамоми ниҳодҳои давлатӣ, сафоратхона ва намояндагиҳои Созмони Милал дар Кобул хостааст, то дар мактубҳояшон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ – раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллиро “Ҷалолатмаоб” хитоб кунанд. Дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон раиси ҷумҳури ин кишвар “Ҷалолатмаоб” хитоб мешавад.

Муаллифони нома гуфтаанд, ҳадаф аз ин талабашон ба гунаҳои мухталиф зикр шудани “лақаб” ё унвони Абдуллоҳ Абдуллоҳ будааст. Хабаргузории “Хома”, ки матни ин номаро нашр кардааст, мегӯяд, аз вазорати умури хориҷии Афғонистон хоста шудааст, то ин мавзӯъро бо тамоми сафоратхонаҳои хориҷӣ, дафтарҳои Созмони Милал ва созмонҳои дигари байналмилалии мустақар дар Кобул ва намояндагиҳои Афғонистон дар хориҷ базудӣ дар миён гузоранд.

Ин мактуб рӯзи дувуми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр шуда ва интиқодҳоеро ба дунбол доштааст. Абдуллоҳ Абдуллоҳ то кунун бо “лақаб”-и доктор хитоб мешуд.

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки яке аз довталабони курсии раёсати ҷумҳури Афғонистон дар соли гузашта буд ва аммо “бахт ба рӯяш нахандид”, дар пайи ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ раиси иҷроии ин ҳукумат шуд.

XS
SM
MD
LG