Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни "Авто-Бону-2015" ба муносибати Рӯзи Модар


Ба муносибати «Рӯзи Модар» ва бо ҳадафи баланд бардоштани маҳорати занони ронанда, раёсати Бозрасии давлатии автомобилии вазорати умури дохилӣ аз имрӯз, 3-уми марти соли 2015 озмуни «Авто-Бону-2015»-ро эълон кард. Дафтари матбуоти раёсати Бозрасии автомобилии вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 3 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ин озмун якҷо бо ҳафтаномаи “Вечёрка” баргузор мешавад ва дар он занон ва духтароне иштирок карда метавонанд, ки собиқаи ронандагии на камтар аз 1 сол доранд. Озмуни мазкур дар панҷ давр гузаронида мешавад ва яке аз шартҳои он, ороиши мошин таҳти унвони «Ман ва автомобилам» мебошад. Шарти дигар мусобиқа дар мавриди “Қоидаи ҳаракат дар роҳ» ва рондани автомобил дар "Автодром"-ро дар бар мегирад. Мутобиқи даврҳо, ба иштирокчиён барои ихтироъкорӣ, ороиши автомобил, ба 20 савол ҷавоби дуруст гардонидан, ҳаракат дар роҳ ва расонидани ёрии аввали тиббӣ, баҳогузорӣ карда мешавад. Барои ғолибони озмун 3 ҷой бо мукофотҳои пулӣ аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ муқаррар карда шудааст. Ҳамчунин иштирокчиёни фаъоли озмун бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ аз довталабон даъват кардааст, ки дархости худро ба суроғаи “ш.Душанбе, кӯчаи Ҷ.Расулов-69 ва ба ҳафтаномаи «Вечёрка» кӯчаи С.Шерозӣ-16 (www.vecherka.tj) ирсол намоянд.

XS
SM
MD
LG