Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Маркази ба номи Сахаров дар Маскав маросими видоъ бо сиёсатмадори маъруф Борис Немтсов идома дорад. Борис Немтсов, шоми 27 феврал дар канори Кремли Маскав дар ҳоле кушта шуд, ки ҳамроҳ бо модели украинӣ Анна Дуритская тарафи манзилаш мерафт.

Дар маросими видоъ раиси ширкати “​Роснано” Анатолий Чубайс, раҳбари “Росатом” Сергей Кириенко, собиқ вазири молия Алексей Кудрин ва чанд тан аз вакилони Думаи давлатӣ ширкта доранд. Қарор аст, ки барои видоъ бо Борис Немтсов сафирони ҳама кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва сафири ИМА дар Русия Ҷон Теффт ҳам ба Маркази Сахаров биёянд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, бархе аз сиёсатмадорони аврупоӣ аз ширкат дар маросими вилоъ бо Немтсов маҳрум монданд. Шоми душанбе дар фурудгоҳи “Шереметиево” ба вакили Парлумони Аврупо аз Латвия Сандра Калниете иҷозаи вуруд ба Русияро надоданд. Раиси палатаи болоии парлумони Лаҳистон Богдан Борусевич ҳам дар маросим ҳузур надорад, зеро ӯ ба феҳристи афроди вурудашон ба Русия мамнӯъ шомил аст.

Хабаргузории РБК бо такя ба як манбаъ аз дафтари раёсатҷуиҳурӣ хабар дод, ки Владимир Путин ба маросими видоъ намояндаи худ дар Думаи давлатӣ Гаррӣ Минхро фиристодааст.

Ҷанозаи Борис Немтсов рӯзи 3 март дар оромгоҳи Треокуровское дар Маскав дафн карда мешавад.

Пахши зинда аз маросими видоъ бо Борис Немтсовро дар ҳамин саҳифа метавонед бубинед.

XS
SM
MD
LG