Пайвандҳои дастрасӣ

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, аз сарони Русия, Украина ва Фаронса хост, ки рӯзи ҷумъа, 6 март, дар Берлин музокирот оид ба авзоъ дар Донбассро доир кунанд. Дар ин бора хабаргузории Bloomberg 3 март бо такя ба дафтари матбуоти ҳукумати Олмон иттилоъ дод.

Аз ин пеш сарони Фаронса, Украина, Русия ва садри аъзами Олмон дар як сӯҳбати телефонӣ дар бораи мустақар кардани нозирон дар 10 нуқтаи доғи низоъ дар Донбасс, ки он ҷо нақзи оташбас сабт шудааст, ба мувофиқа расиданд. Қарор аст, ки нозирон, аз ҷумла, дар мавзеъҳои Счасте, Попасная, Станитса Луганская, Кримское, Авдеевка, Волноваха, Гранитное, Луганское, Широкино, ва атрофи фурудгоҳи Донетск ҷойгир шаванд. Бар пояи ин тавофуқ, амнияти нозирон бояд пурра таъмин шавад ва онҳо аз имкони тафтиши бидуни монеъаи ҷойҳои мустақаршавии тонку зиреҳпӯшҳо ва тӯпхона аз хатти ҷабҳа интиқолёфта бархурдор бошанд.

Сарони “чаҳоргонаи Нормандия” мавзӯи интиқоли кӯмаки башардӯстона ба сокинони Донбассро ҳам баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG