Пайвандҳои дастрасӣ

Як масъули кумитаи амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, ки мусаллаҳони гурӯҳҳое чун “Давлати исломӣ” ба ҷануби Қирғизистон ва вилояти Андиҷони Узбакистон ворид мешаванд.

Роҳат Сулаймонов, намояндаи Кумитаи давлати амнияти миллии Қирғизистон, ахиран дар як сӯҳбати “мизи гирд” дар Бишкек гуфт, ки кормандони амниятӣ афроди зиёдеро бо гумони фаъолияти террористӣ боздошт кардаанд. Ӯ афзуд, ки бархе аз боздоштшудаҳо аз Сурия ба водии Фарғона омаданд.

Дар сӯҳбати мизи гирд, ки бо ибтикори бахши қирғизии Радиои Озодӣ ва рӯзномаи “Российская газета” ташкил шуд, Роҳат Сулаймонов аз боздошти 37 нафар гумонбароне хабар дод, ки қасди ташкили ҳамлаҳо дар Қирғизистону Ӯзбакистонро доштанд. Чаҳор нафари онҳо, афзуд корманди хадамоти амниятии Қирғизистон, дар Сурия тамрин дидаанд.

“Ҳадафи онҳо на фақат ҷалби шаҳрвандони мо ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ”, балки тарконидани бинои идораи амнияти миллӣ дар Андиҷон буд, Яке аз боздоштшудаҳо бошад иқрор кард, ки маргталаб аст”, гуфт Роҳат Сулаймонов.

Як хонуми қирғизи узви "Давлати исломӣ"

Як хонуми қирғизи узви "Давлати исломӣ"

Боздоштҳо моҳи январи соли равон сурат гирифтанд ва дар ин амалиёт марди 29-солае ҳам дастгир шуд, ки панҷ тан аз хешу таборашро ба шаҳри Раққаи Сурия барои ширкат дар ҷанг аз тарафи "Давлати исломӣ" фиристода буд. Роҳат Сулаймонов афзуд, ки афроди боздоштшуда ҳамчунин барои “ҷиҳод” дар Сурия аз мардум маблағ меситониданд ва ба афроде, ки аз ин кори “хайр” норозӣ буданд, таҳдиди куштан мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, “бахши аъзами ин пул ба Сурия фиристода шуд ва маблағи боқимондаро барои ҷалби одамон дар Қирғизистон истифода мекарданд”.

Роҳат Сулаймонов ҳамчунин гуфт, мусодираи силоҳу тир ва лавозимоти ҷангӣ аз махфигоҳҳо баёнгари он аст, ки водии Фарғона ҳарчӣ бештар мавриди таваҷҷуҳи гурӯҳҳои ифротгаро қарор мегирад.

ТАҲДИДИ ВОҚЕЪӢ Ё “АФСОНАИ СЕСОНА”?

Дар ҳамин ҳол бархе аз таҳлилгарон таҳдиди гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба Қирғизистонро “воҳимаи мақомот” ба хотири кор гирифтан аз чораҳои шадид алайҳи гурӯҳҳои динии маҳаллӣ мехонанд. Эдвард Лемон, донишманди Донишгоҳи Эксетери Бритониё, рӯзи 30 январ дар сомонаи Eurasianet.org навишт, ки далелҳо дар робита ба иддаи мақомоти амниятӣ оид ба таҳдиди гурӯҳи “Давлати исломӣ” хело каманд. Ӯ иддаи сиёсатшиноси қирғиз Қодир Маликов дар бораи аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҷудо шудани 70 миллион доллар барои тарҳи ҳамла ба Осиёи Марказиро ҳам зери шубҳа бурд ва гуфт, ки Маликов барои тайиди ин иддаояш далеле наовардааст. Зимнан, Қодир Маликов дар сӯҳбати “мизи гирд” иддаои худро такрор кард ва гуфт, ки дар ин бора дар як конфаронси байнулмилалӣ дар Эрон бо ширкати донишмандону таҳлилгарони масоили мазҳабӣ иттилоъ дода шудааст.

ВАЗЪ ДАР ВОДИИ ФАРҒОНА БАДТАР ХОҲАД ШУД?

Бо вуҷуди пешгӯиҳои ваҳшатбор ва иддаоҳо оиди талошҳои ситезаҷӯён барои созмон додани ҳамлаҳо дар водии Фарғона, Роҳат Сулаймонов иқрор кард, вазъ дар минтақа алҳол бад нест. “Вале ман аз он тарс дорам, ки вазъ метавонад хело бад шавад”, афзуд ин корманди амниятӣ.

Ба гуфтаи таҳлилгаронг, “тарс аз бадтар шудани авзоъ”, эҳтимолан, ба он маъност, ки мавзӯи таҳдиди “Давлати исломӣ” аз мавзӯъи аслӣ дар баҳсҳои маҳофили сиёсии минтақа дар моҳҳои оянда боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки мақомоти амниятӣ ва мансабдорони ҳукуматҳои минтақа бояд сари таҳдиди воқеъитар аз сармоягузории “Давлати исломӣ” барои таҳияи ҳамлаҳои террористӣ дар Қирғизистону Узбакистон – ҳарчӣ бештар мазҳабӣ ва ҳатто ифротгаро шудани бархе аз ҷомеъаи минтақа тамаркӯз кунанд. Ҳоло ҳазорҳо шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар ҷангҳои Сурия аз сӯи “Давлати исломӣ” меҷанганд. Зимнан, аз Сурия дар бораи ҳалокати шаҳрвандони Осиёи Марказӣ пайваста хабарҳо мерасанд. Мақомоти Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2014 ҳалокати дастикам 50 тоҷик дар Сурия ва Ироқро тасдиқ карда, ҷамъи ҷангиёни тоҷик дар ин ду кишвари арабиро то 300 нафар гуфта буданд. Баъди он дар бораи ҳалокати ҳудудан 10 тоҷики дигар дар Сурия ё Ироқ хабар расид. Рӯзи якуми март бошад дар интернет видеои чорунимдақиқаие аз номи ҷангиёни тоҷике, ки ба иддаои худашон, дар Сурияву Ироқ меҷанганд, нашр шуд. Дар ин навор дар бораи "шаҳид" шудани 19 ҷангии тоҷик дар ин ду кишвари арабӣ хабар дода шудааст.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қириғизистон рӯзи 2 март хабар дод, ки ба зудӣ барои баррасии мавзӯи муқовимат бо ифротгароии мазҳабӣ форуми минтақаӣ баргузор мекунад. Ба навиштаи РИА Новости, қарор аст, ки дар ин нишаст ниҳодҳои ҳукуматӣ ва донишмандон ҳам ширкат кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG