Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лебедев ба Раҳмон: Интихобот шаффоф буд


Сергей Лебедев, раҳбари гуруҳи нозирони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ё СНГ ба Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон интихоботи парлумонии як март дар кишварро демократӣ ва шаффоф тавсиф кардааст.

Ин сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Лебедев баъд аз эълони натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 2 март дар Душанбе баргузор шуд. Лебедев гуфтааст, аз 9 кишвари иттиҳод 257 нозир дар ин гурӯҳ қарор доранд ва онҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳузур доштанд.

Ин дар ҳолест, ки нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз баъзе камбудҳо дар интихоботи рӯзи 1 март дар Тоҷикистон интиқод карда, онро ба "оркестр"-е монанд карданд, ки "дерижёр" дорад.

XS
SM
MD
LG