Пайвандҳои дастрасӣ

Керрӣ ва Лавров дар Женева мулоқот карданд


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ва Сергей Лавров, ҳамтои руси ӯ дар бораи муноқиша дар шарқи Украина ва ҳам барномаҳои атомии Эрон гуфтӯгу кардаанд. Баъди мулоқоти 20 дақиқаӣ дар ҳошияи нишасти Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал дар шаҳри Женева, Ҷон Керрӣ дар саҳифааш дар Твиттер гуфт, ки бо Сергей Лавров, дар бораи “Украина, Сурия ва музокирот дар бораи барномаҳои атомии Эрон” “гуфтӯгуи самимӣ” доштааст. Ҷон Керрӣ пештар аз ин ва рӯзи 1-уми март аз ҳукумати Русия хост, “қатли бераҳмонаи” Борис Немтсов, сиёсатмадори мухолифи давлатро “ҳаматарафа, шаффоф ва воқеӣ” тафтиш кунад. Рӯзи якуми март даҳҳо ҳазор нафар ба хотири гиромидошти ёди Борис Немтсов дар Маскав раҳпаймоӣ карданд. Борис Немтсов аз мунтақидони ҳукумати Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро рӯзи 27-уми феврал дар шаҳри Маскав бо тири туфанг куштанд.

XS
SM
MD
LG