Пайвандҳои дастрасӣ

Вакили украинӣ аз Маскав ба Киев бармегардад


Вакили дифои Олексий Ҳончаренко, вакили мардумии Украина, ки рӯзи якуми март дар Маскав дастгир шуд, гуфт, муҳокимаи додгоҳии ӯро лағв кардаанд ва Ҳончаренко ба зудӣ ба Киев бармегардад. Марк Фейгин рӯзи 2-уми март гуфт, вакили украинӣ дар нахустин парвоз ба Киев ба пойтахти Украина бармегардад. Вакили порлумони Украинаро рӯзи 1-уми март қабл аз раҳпаймоии гиромидошти хотираи Борис Немтсов дар Маскав дастгир карданд. Борис Немтсов, яке аз сиёсатмадорони мухолифи давлати Русияро рӯзи 27-уми феврал дар Маскав бо зарби тири туфанг куштанд. Ба гуфтаи Олексий Ҳончаренко, ӯро маъмурони амниятӣ латукӯб карда ва 5 соат дар боздошт нигаҳ доштанд. Қарор буд, ки ӯ рӯзи 2-уми март барои эълони иттиҳоми нофармонӣ ба маъмурони пулис дар додгоҳ ҳозир шавад, вале баъдан мақомоти пулиси Маскав гуфтанд, ки ҳеҷ даъвое нисбати вакили украинӣ надоранд. Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, ки Олексий Ҳончаренкоро дар робита ба сӯхторе, бозпурсӣ карданд, ки ин сӯхтор соли гузашта ҳангоми тазоҳуроти тарафдорони ҳукумати Украина ва тарафдорони Русия дар шаҳри Одесса сар зад ва дар он даҳҳо нафар аз ҷумла шаҳрвандони Русия кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG