Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров мулоқот мекунанд


Ҷон Керрӣ вазири умури хориҷии Амрико ва Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи 2-уми март дар шаҳри Женева дар ҳошияи нишасти Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал мулоқот мекунанд. Вазъ дар шарқи Украина ва қатли Борис Немтсов, яке аз пешвоёни мухолифи давлати Русия дар Маскав аз мавзӯъҳои гуфтугӯи ду тараф мешавад. Ҷон Керрӣ аз ин пеш аз давлати Русия хост, ки қатли Борис Немтсовро “ҳаматарафа, шаффоф ва воқеӣ” тафтиш кунад. Рӯзи 1-уми март даҳҳо ҳазор нафар дар шаҳри Маскав ба нишони сӯгворӣ аз марги Борис Немтсов раҳпаймоӣ карданд. Дар Украина кам шудани даргирӣ ва берун кашидани силоҳҳои вазнин аз минтақаҳои муноқиша умедвориҳоро бештар кардааст, ки созиши оташбас миёни ҷудоиталабон ва нерӯҳои ҳукуматии Украина риоят мешавад. Аммо артиши Украина рӯзи 1-уми март гуфт, ки ҷудоиталабон бо истифода аз фурсат барои ҳамлаҳои нав ба мавзеъҳои ҳукуматӣ гурӯҳбандӣ мекунанд. Ба гуфтаи сухангӯи артиш, ҳадафи аслии ҷудоиталабон метавонад, шаҳри стратегӣ ва бандарии Мариупол ва Артемивск дар наздикии шаҳри Донетск бошад.

XS
SM
MD
LG