Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози амалиёти густарда дар Тиқрит


Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои ҳукуматии Ироқ барои озод кардани шаҳри Тикрит аз дасти гурӯҳи Давлати исломӣ, амалиёти васеъмиқёсеро алайҳи ҷангҷӯёни ин созмон шурӯъ кардаанд. Телевизиони давлатии Ироқ рӯзи 2-уми март гузориш дод, ки нерӯҳои ҳукуматӣ ба мавқеъҳои гурӯҳи Давлати исломӣ дар зодгоҳи Саддом Ҳусейн 130 километрии шимоли Бағдод ҳамла кардаанд. Дар ин амалиёт, ба нерӯҳои давлатӣ размандагони шиаву суннӣ кӯмак мекунанд ва аз тӯпхонаву ҳавопаймоҳо низ ба кор бурда мешаванд. Бино ба гузоришҳо, ҷангҷӯёнро аз баъзе аз минтақаҳои наздики шаҳр берун рондаанд. Чанд соат пеш аз оғози амалиёт, Ҳайдар ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ аз размандагони қабилаҳои суннимазҳаб дар шаҳри Тикрит хост, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломиро ҳамроҳӣ накунанд ва ваъда дод, ки онҳоро авф мекунад. Гурӯҳи Давлати исломӣ шаҳри Тикрит ва дигар минтақаҳои умдатан суннинишини вилояти Салоҳуддинро тобистони соли гузашта ишғол кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG