Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, пасандози сокинони кишвари ба таври чашмрас афзудааст. Ба қавли ин ниҳоди молӣ, бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар созмонҳои қарзии ҷумҳурӣ то моҳи январи соли ҷорӣ 6 миллиону 639,7 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,7 фоиз зиёд будааст. Аз ҷумла, 2 миллиону 187,1 ҳазор сомонӣ амонатҳо пули миллӣ ва 4 миллиону 452,6 ҳазор сомонӣ бо асъори хориҷиро ташкил мекунад.

“Агар ба таркиби бақияи пасандозҳо назар андозем, маълум мегардад, 36,1 фоиз (маблағи 2 400,2 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 63,8 фоиз (4 239,4 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд”,-омадааст дар хабари Бонки миллӣ.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Ташкилоти байналмиллалии молиявӣ эълон дошта буд, тибқи пажӯҳиши онҳо нисфи аҳолии Тоҷикистон даромади худро пасандоз намекунанд.

XS
SM
MD
LG