Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар зӯрхонаи Фирдавсии Душанбе чӣ гузашт?


Зӯрхонаи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе мизбони чаҳорумин давраи мусобиқоти ҷаҳонии варзишҳои зӯрхонаӣ буд, ки бо ҳузури 19 кишвар аз Аврупо, Осиё ва Африқо баргузор шуд.

Дар мусобиқаи ҷаҳонии варзишҳои зӯрхонаӣ, ки ҳафта гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Эрон ҷойи аввал ва Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Афғонистон ҷойҳои баъдиро ишғол карданд. Ироқ ва Белорус соҳиби мақомҳои панҷум ва шашум шуданд.

Дар охирин рӯзи мусобиқот ҷаҳонии 2015, ва дар муҳимтарин рақобатҳои гӯштини паҳлавонии бевазн, Ҷобир Содиқзода аз Эрон бо шикаст додани намояндаи Тоҷикистон, қаҳрамон шуд. Варзишкорони Украина ва Молдова ҷои савумро ишғол карданд.

Дар зӯрхонаи Ҳаким Абулқосими медали тилло дар вазни 60 килограм насиби ҷумҳурии Озарбойҷон шуд. Ӯ рақиби ҳиндустонии худро дар финал мағлуб кард. Намояндагони Туркия ва Тоҷикистон дар ин вазн савум шуданд.

Дар вазни 70 килограм ҳам медали тилло насиби Озарбойҷон шуд, аммо дар вазни 80 килограм намояндаи Афғонистон ҳама ҳарифони худро мағлуб кард ва соҳиби медали тилло шуд. Намояндагони Эрон дар се вазни поёнии ҳунарҳои фардии Ҷоми ҷаҳонии зӯрхонаӣ ҳам аввал шуданд. ​

Зӯрхонаи «Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ» дар шаҳри Душанбе дар моҳи июни соли 2005 ифтитоҳ ва бо 400 ҳазор доллар кӯмаки Эрон сохта шудааст. Коршиносон мегӯянд, зӯрхона ин ёдоварӣ аз таъриху фарҳанги мардуми Эронзамин аст ва ҷавононро бо ҳуввияти миллиашон бештар ошно мекунад ва онҳо на танҳо аз назари ҷисмӣ, балки аз назари фикрӣ ҳам рушд хоҳанд кард, ки ба умедвории ҷавонон аз оянда таъсир хоҳад кард.

Дар зӯрхона зери навои мусиқӣ ва истифода аз асбобҳои қадимаи варзишӣ машқҳои вижае иҷро мешавад, ки аз се бахш иборат аст. Нахуст, варзишгар ба тахтачаи вижа дастонашро мустаҳкам мекунад ва дар фарш ба ҳар тараф тоб мехӯрад ва ҷисмашро болою пойин мекунад.

Баъдан, гурзҳои чӯбини гуногунвазнро ба гирди сар чарх мегардонад ва бо ҳамин ба китфу бозувонашон таъсир мерасонад. Ҳамчунин, камонҳои оҳанини ҳалқачаҳои хурд доштаро ба болои сарашон мебардоранд ва бо ҳисоби таблнавоз ва ё сароянда онро ба ҳар тараф такон медиҳанд, ки ба садои табл ҳамнаво мешавад. Қисмати ниҳоии машқи зурхона ин пой задан ва бо суръати баланд чархидан будаст.

XS
SM
MD
LG