Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳ дар мусобиқаи кушодаи дзюдои Аврупо 5-ум шуд


Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи кушодаи дзюдои Аврупо дар Лаҳистон мақоми панҷумро касб кард.

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи кушодаи дзюдои Аврупо, ки рӯзҳои 28 феврал – 1 март дар пойтахти Лаҳистон - Варшава баргузор шуд, соҳиби мақоми панҷум шуд.

Ин мусобиқа танҳо байни мардон дар 7 вазн сурат гирифт. Дар рӯзи аввали мусобиқа (28-уми феврал) паҳлавонон дар се вазн – 63 кг, 66 кг ва 73 кг ва дар дар рӯзи дувум (1-уми март) дар чаҳор вазн - 81 кг, 90 кг, 100 кг ва +100 кг – қувваозмоӣ карданд.

Комроншоҳи Устопириён дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило дар даври аввал озод буд. Дар даврҳои баъдӣ вай бар се рақибаш – Алико Дзиландзе (Русия), Дмитрий Герасименко (Сербия) ва Игор Дзиерзановски (Лаҳистон) – пирӯз гардид. Вале сипас паҳлавони тоҷик аз Патрик Сиечомски (Лаҳистон) ва барои медали биринҷӣ аз Каролис Бауза (Литва) мағлуб гашт ва дар натиҷа дар ҷойи панҷум қарор гирифт.

Дар вазни зери 90 кило Донг Ҳан Гвак (Кореяи ҷанубӣ) ғолиб омад ва бо медали тилло сарфароз гашт. Каролис Бауза (Литва) медали нуқра гирифт. Патрик Сиечомски (Лаҳистон) ва Шералӣ Ҷӯраев (Узбакистон) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Дар ин вазн ҳамагӣ 37 гуштигир ширкат дошт.

Паҳлавони дигари тоҷик Фарҳод Раҳимов дар вазни зери 81 кило дар даври аввал озод буд. Вале ӯ дар даври дувум аз Фелипе Коста (Бразилия) шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум гашт. Теъдоди варзишгарон дар ин вазн ҳамагӣ 45 нафар буд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 255 варзишгар аз 38 кишвари ҷаҳон ширкат карданд. Минҷумла аз кишварҳои собиқи шӯравӣ варзишгарони 12 ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Ба ҷуз Тоҷикистон (2 нафар), дзюдочиёни Арманистон (2 ), Беларус (7), Қазоқистон (18), Қирғизистон (2), Латвия (9), Литва (9), Молдова (9), Русия (12), Узбакистон (14), Украина (25) ва Эстония (4) дар Варшава ҷамъ омада буданд.

Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Кореяи ҷанубӣ бо касби 3 медали тилло ва 2 нуқра ғолиб шуд. Мунтахаби Узбакистон (1-1-3) ҷойи дувум ва мунтахаби Лаҳистон (1-0-2) ҷойи севумро гирифтанд. Дастаҳои Муғулистон ва Русия бо натиҷаҳои якхела (1 медали тилло ва 1 биринҷӣ) ҷойи чорумро бо ҳам диданд. Тоҷикистон бо як ҷойи панҷум дар мақоми 15-ум қарор гирифт.

Дар мусобиқаи кушодаи Аврупо дзюдочиён, инчунин, барои ба даст овардани имтиёзҳои олимпӣ ҷиҳати ширкат дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза бурданд. Бояд гуфт, ки аз рӯи ҷамъбасти умумии мусобиқоти литсензионӣ 22 гуштигири зӯртарин дар ҳар як вазн ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф хоҳанд шуд.

Пеш аз ин мусобиқа дар рейтинг ё раддабандии беҳтарин дзюдочиёни ҷаҳон Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило бо 810 имтиёз дар ҷойи 15-ум ва Фарҳод Раҳимов дар вазни зери 81 кило бо 128 имтиёз дар ҷойи 97-ум қарор доштанд.

Дарвоқеъ, ин дувумин мусобиқаи байналмилалӣ барои дзюдочиёни тоҷик дар мавсими имсола ба шумор мерафт. Ёдовар мешавем, аз ин пеш паҳлавонони тоҷик Фарҳод Раҳимов ва Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи силсилаи Гран-прии дзюдо, ки рӯзҳои 21-22-юми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор шуда буд, ноком шуданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи кушодаи дзюдои Аврупо дар Варшава (Лаҳистон):
Мардон

- 60 кг
1. ЛУТФУЛЛОЕВ Шарофуддин (Узбакистон)
2. УРОЗБОЕВ Диёрбек (Узбакистан)
3. Қирғизбоев Гумар (Қазоқистон)
3. ТАКАБАТАКЕ Эрик (Бразилия)

- 66 кг
1. АН Баул (Кореяи Ҷанубӣ)
2. ЖУМАКАНОВ Елдос (Қазоқистон)
3. ОРИ Фелитсиан (Маҷористон)
3. СОБИРОВ Ришод (Узбакистон)

- 73 кг
1. ГАНБААТАР Одбаяр (Муғулистон)
2. АН Чангрим (Кореяи Ҷанубӣ)
3. БОЛТАБОЕВ Шарофиддин (Узбакистон)
3. ПОМБО ДА СИЛВА Алекс Виллиам (Бразилия)

- 81 кг
1. ВАНГ Ки-Чун (Кореяи ҷанубӣ)
2. ГУИЛҲЕЙРО Леандро (Бразилия)
3. КУБИЕНИЕК Якуб (Лаҳистон)
3. МУЕННИҶ Бенҷамин (Олмон)

-90 кг
1. ГВАК Донг Ҳан (Кореяи ҷанубӣ)
2. БАУЗА Каролис (Литва
3. СИЕЧОМСКИ Патрик (Лаҳистон)
3. ҶӮРАЕВ Шералӣ (Узбакистон)

- 100 кг
1. КОСЯЧНИКОВ Михаил (Русия)
2. БУЗАКАРИНИ Рафаэл (Бразилия)
3. АВИТИАЛКАРАЗ Филип (Британияи Кабир)
3. ИБРОҲИМОВ Мақсуд (Русия)

+100 кг
1. САРНАСКИ Макией (Лаҳистон)
2. КИМ Сунг-Мин (Кореяи ҷанубӣ
3. САНТОС Валтер (Бразилия
3. УЛЗИБАЙАР Дууренбайар (Муғулистон)

XS
SM
MD
LG