Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18 сол ҳукми қотили ду тоҷик дар Челябинск


Додгоҳи вилояти Челябински Русия рӯзи 26 феврал як сокини Южноуралскро бо ҷурми қатли ду тоҷик ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Алексей Радаев ба он айбдор мешавад, ки шоми 11 ноябри соли 2013 дар ҳолати мастӣ ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо табар куштааст.

Фоҷиа вақте рух дод, ки Радаев ва ҳамқадаҳаш Александр Кириллов баъди тамом шудани машрубот ва бе пул монданашон ба хонаи як сокини маҳаллӣ, ки аз ӯ қарздор будааст, барои ситондани қарз мераванд, то нӯшонӯширо идома диҳанд. Аммо соҳиби хона набудааст ва ӯ аз ду мардикори тоҷике, ки баъзан дар ин манзил шабро рӯз мекарданд, талаби пул кардаанд. Вақте яке аз тоҷикҳо Кирилловро шинохт, Радаев ҳардуро бо корд ва сипас бо талаб зада куштааст.

Кириллов як рӯз баъд довталабона худро ба пулис супурд ва ба гунонаҳ иқрор кард. Додгоҳ ӯро ҳам ба 8 соли зиндон маҳкум кардааст.

XS
SM
MD
LG