Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Маскав раҳпаймоии мотам баргузор мешавад


1 март дар Маскав раҳпаймоии мотам барои гиромидошти хотираи Борис Немтсов баргузор мегардад. Вай шаби ҷумъа дар маркази шаҳр кушта шуд. Ин раҳпаймоӣ бо мақомоти шаҳр ҳамоҳанг шудааст. Дар ин раҳпаймоӣ то 50 ҳазор нафар метавонанд ширкат ҷӯянд. Раҳпаймоӣ аз Китайский проезд шуруъ мешавад ва ба самти пули Москворецкий ба маҳали куштори Немтсов меравад.

Бар ҷараёни раҳпаймоии мотам аъзои Шӯрои ҳуқуқи башари назди раёсати ҷумҳурӣ Кирилл Кабанов, Борис Кравченко, Николай Сванидзе, Иля Шаблинский, Сергей Кривенко ва Игор Юргенс назорат хоҳанд кард.

Ин раҳпаймоӣ ба ҷои раҳпаймоии зиддибӯҳронӣ анҷом мегирад, ки бояд бо номи “Весна” дар минтақаи Мариони Маскав баргузор мешуд.

Интизор меравад, ки дар шаҳрҳои дигари Русия низ барои гиромидошти хотираи Немтсов раҳпаймоиҳои эътирозӣ баргузор шавад.

“Мемориал”-ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқи Русия куштори Намтсовро сиёсӣ арзёбӣ кард. Дар изҳороти онҳо омдааст: “Маҳз ҳукумати Русия заминаҳои куштори Немтсовро ба вуҷуд овард”.

Маросими видоъ бо Немтсов 3 март дар маркази Сахаров дар Маскав баргузор мешавад. Ҳамон рӯз Немтсовро дар қабристони Троекуровск ба хок месупоранд.

XS
SM
MD
LG