Пайвандҳои дастрасӣ

Овоздиҳӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав


сафорати Тоҷикистон дар Маскав

сафорати Тоҷикистон дар Маскав

То соати даҳи субҳ ба вақти Маскав дар сафорати Тоҷикистон дар Русия, ки ба ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3 марбут аст, аллакай ҳудуди 30 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон раъй додаанд. Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорат ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки бештари овоздодагон муҳоҷирони корӣ, намояндагони диаспораи тоҷикон дар шаҳру вилояти Маскав, донишҷӯёну унвонҷӯён аз Тоҷикистонанд. Оқои Эгамзод гуфт, сафорат ба хотири таъмини ширкати муҳоҷирон дар овоздиҳӣ автобусҳое ташкил кардааст, ки онҳоро аз ҷои корашон ба нуқтаи овоздиҳӣ дар сафорат оварда, баъди раъйдиҳӣ пас мебаранд.

Дар Русия беш аз 1 миллион муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон ба сар мебаранд. Вале барои ширкати онҳо дар интихоботи парлумонӣ танҳо 3 нуқтаи овоздиҳӣ - дар Маскав, Екатеринбург ва Уфа - таъсис дода шудаанд.

Ҷараёни овоздиҳӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Маскавро Вадим Бектов, нозир аз ҳайати нозирони СНГ ва ду нафарони мӯътамади номзад аз ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон назорат мебаранд.

XS
SM
MD
LG