Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати камранги занон дар интихобот


Хабарнигори Радиои Озодӣ зимни боздид аз чанд русто дар ноҳияҳои Бохтар ва Вахши минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон, ҳузури камранги занон барои ширкат дар раванди раъйдиҳиро мушоҳида кардааст.

Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, “ҳудуди чаҳор соат аз чандин марказҳо ва ҳавзаҳои раъй дар деҳаҳои ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Бохтар дидан кардем ва собит шуд, ки занон нисбат ба мардон каамтар пойи сандуқҳои раъй меоянд.”

Масъулони ҳавза ба пурсиши хабарнигори Радиои Озодӣ дар мавриди ширкати камранги занон гуфтаанд, мардон мустақиман аз масҷид ба участкаҳо омадаанд ва умед аст, ки занон дертар барои овоздиҳӣ хоҳанд омад. Аммо хабарнигори мо мегӯяд, баъзан ҳолатҳое низ ба мушоҳида расидаанд, ки мардон ба ҷои ҳамсару аҳли хонаводаашон овоз додаанд.

XS
SM
MD
LG