Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози раъйдиҳии тоҷикон дар Чин


Навбати раъйдиҳандагон дар Душанбе.
Навбати раъйдиҳандагон дар Душанбе.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, раъйдиҳӣ барои интихоботи парлумонии кишвар дар бинои сафорат дар Пекин оғоз ёфтааст.

Бино ба иттилои ин ниҳод, аксари тоҷикони қобили раъй дар Пекин донишҷӯён ҳастанд ва онҳо бо камоли майл барои овоздиҳӣ меоянд.

“Аввалин шуда аз ҳуқуқи конститутсионии худ Давлатхоҷа Додов, сокини ноҳияи Шоҳмансур, донишҷӯи соли дувуми Донишгоҳи Пекин истифода кард”,-навиштааст торнамои расмии Вазорати умури хориҷӣ. Рӯзи якуми март дар куллия намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар қитъаҳои раъйдиҳӣ боз шудааст. Аз ҷумла, дар Русия дар бинои сафорати кишвар дар Маскав ва консулгариҳо дар Екатеринбургу Уфа қитъаҳои овоздиҳӣ таъсис ёфтааст.

XS
SM
MD
LG