Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмонзода: Интихобот шаффоф мегузарад


Абдуғаффор Раҳмонзода, собиқ шаҳрдори Кӯлоб

Абдуғаффор Раҳмонзода, собиқ шаҳрдори Кӯлоб

Абдуғаффор Раҳмонзода, яке аз номзадҳои интихоботӣ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Кӯлоб, ҳангоми раъй додан дар сӯҳбат ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, умедвор аст, интихобот ба таври озоду шаффоф сурат мегирад. Вай таъкид кард, барои ояндаи Тоҷикистон раъйи худро додааст.

Ҷаноби Раҳмонзода ибрози умедворӣ кард, ҳатман дар интихобот пирӯз хоҳад шуд. Яке аз рақибони аслии Абдуғаффор Раҳмонзода, собиқ шаҳрдори Кӯлоб, Саийд Иброҳими Назар -- муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ дар ҷараёни раъйдиҳӣ дар ҳавзаи интихоботи Кӯлоб, мавориди нақзи қонун, бахусус овоз додани як нафар ба ҷойи чанд нафар аз аъзои оила ба мушоҳида расидааст. Бархе аз нозирони мустақил аз ҷониби аҳзоб низ ин гуна нақзи қонунро мушоҳида кардаанд.

XS
SM
MD
LG