Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умеди Рустам Латифзода ба се курсии парлумон


Рустам Латифзода
Рустам Латифзода

Рустам Латифзода, раҳбари Ҳизби аграрӣ ё кишоварзии Тоҷикистон, субҳи 1 март баъд аз овоздиҳияш гуфт, умед дорад, онҳо соҳиби се курсӣ дар парлумон хоҳанд шуд. Ҳизби аграрӣ дар Маҷлиси Намояндагон, даъвати чаҳорум, соҳиби ду курсӣ буд.

Оқои Латифзода, инчунин, ҷаранёи раъйдиҳиро шаффоф номида ва иштироки интихобкунандагонро қонеъкунанда гуфт. Рустам Латифзода аз нахустин раҳбарони аҳзоби сиёсист, ки то ин дам раъйи худро додааст. Имрӯз раҳбарони дигари аҳзоби сиёсӣ низ бонавбат дар қитъаҳои наздик ба маҳалли зисташон ба пойи сандуқҳои раъй хоҳанд рафт.

XS
SM
MD
LG