Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи якшанбе дар Тоҷикистон интихоботи порламонӣ баргузор мешавад. Дар ин интихобот ҳамзамон райдиҳандагон намояндагони Шӯроҳои маҳалии шаҳрҳову ноҳияҳои худро низ интихоб мекунанд.

Кумиссиюни Марказии интихобот ва райпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ки бар ҷараёни райдиҳӣ 528 нозири байналмиллалӣ назорат хоҳанд кард ва бештар аз 100 рӯзноманигор аз хабаргузориҳои маъруфи хориҷӣ дар бораи ҷарёни интихобот хабару мавод нашр хоҳанд кард.

Барои 63 курсии Маҷлиси Намояндагони порламон 235 нафар аз ҳамаи ҳизбҳои сисёсии кишвар вориди рақобат шудаанд. Ҳизби ҳокими Халқӣ-Демократӣ 55 номзад пешбарӣ кардааст, ки бештар аз ҳар ҳизби дигар мебошад.

Як рӯз пеш аз интихобот таблиғи номзадҳо ва ҳизбҳо қатъ гардид, вале дар шаҳри Душанбе ва марказҳои бузурги райдиҳӣ тадбирҳои амниятӣ рӯи даст гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG