Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тундравҳои Давлати Исломӣ ҳамлаҳои худро ба шаҳри Самарра воқеъ дар шимоли Ироқ оғоз кардаанд. Дар ин шаҳр гурӯҳҳои ниманизомии шиа ва нируҳои амниятӣ пеш аз оғози ҳамла ба мавзеъҳои Давлати Исломӣ ҷамъ шуда буданд.

Субҳи рӯзи 28 феврал чанд бамгузори маргталаб мошинҳои бамгузоришудаи худро дар қисмати шимолии шаҳри Самарра тарконданд.

Ҳамзамон бо ин ҳамла, тундравҳои Давлати Исломии номниҳод дар қисмати ғарбии шаҳр бо истифода аз мушакандозҳову рокетандозҳо ба нируҳои амниятӣ ҳамла карданд.

Ҳазорон нафар шибҳанизомиёни шиа қабл аз оғози ҳамла ба минтақаҳои зери контроли тундравҳои Давлати Исломӣ дар имтидоди дарёи Фрот дар атрофи шаҳри Самаррра гирдиҳам омадаанд.

Кормандони беҳдошти маҳаллӣ мегӯянд, ки 6 ҷангии шиа кушта ва 6 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Аз сӯи дигар дар шаҳраки Балад Руз дар 70 километрии шимоли шаҳри Бағдод ду мошини бамгузоришуда дар наздикии бозор таркидаанд ва дар он 19 нафар кушта, 30 нафар маҷруҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG