Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари мафияи Афғонистон эъдом шуд


Зиндони Пули Чархӣ
Зиндони Пули Чархӣ

28 феврал яке аз раҳбарони олами ҷиноии Афғонистон ба дор кашида шуд. Раис Худойдод, ки бо номи Раис Сайудуллоҳ низ шинохта шуда буд, моҳи сентябри соли гузашта барои одамрабоӣ, дуздиву шиканҷа ва куштор боздошт шуда буд ва моҳи гузашта додгоҳи Кобул вайро ба қатл маҳкум кард.

Вайро дар зиндони Пули Чархии Кобул ба дор овехтанд. Баъд аз омадани ҳукумати нави Афғонистон ба сари кор Раис Худойдод нахустин шахсест, ки эъдом шуд.

XS
SM
MD
LG