Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорат куштори Немтсовро зери назар гирифт


Борис Немтсов

Борис Немтсов

Расидагӣ ба куштори Борис Немтсов-сиёсатмадори мухолифи Кохи Кремлро Владимир Колоколтсев-вазири корҳои дохилаи Русия зери назорати худ гирифтааст. Елена Алексеева-намояндаи расмии ин вазорат хабар дод, ки бино ба таҳқиқот шоми ҷумъа дар Маскав Борис Немтсов бо духтаре дар кӯча машғули сайру гашт будаанд, бо духтаре, ки аз Украина омадааст. Ҳангоми сайру гашти онҳо мошине аз паҳлӯи онҳо гузашта тир холӣ кардааст.

Бино ба гуфтаи Алексеева, дар маҳали ҳодиса 6 тири холишуда пайдо кардаанд. Гурӯҳи тафтишотӣ ба чанд таъбири ин ҳамла расидагӣ хоҳад кард ва яке аз онҳо куштори фармоишӣ хоҳад буд.

Дмитрий Песков-сухангӯи Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия хабар дод, ки бино ба ақидаи раҳбари давлат “ин куштор нишонаҳои фармоишӣ ва ошкоро хусусияти таҳрикомез дорад”.

Песков дар мусоҳиба бо радиои "Коммерсант ФМ" гуфтааст, ки Немтсов барои ҳукумати кунунӣ ҳеҷ хатаре надошт. Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ёдоварӣ мекунанд, ки 10 феврал Борис Немтсов дар мусоҳибае бо нашрияи "Собеседник" изҳори нигаронӣ карда буд, ки президент Путин вайро барои гуфтаҳои оппозитсиониаш «фармоиш» хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG