Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

8,5 соли зиндон барои дуздидани пули нафақа


Додгоҳи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон, як корманди “Амонатбонк”-ро барои азхудкунии маблағи нафақаи бознишастагони яке аз ҷамоатҳо ба 8, 5 сол равонаи зиндон кардааст.

Сафар Шодизода, додситони ноҳияи Шӯрообод, рӯзи ҷумъаи 27 феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “Сайфиддин Ғозиев, корманди бонки “Амонтабонк” дар ин ноҳия барои аз худ кардани маблаӯи беш аз 93 ҳазор аз нафақаи бознишастагони ҷамоати Сарчашма муҷрим дониста шуда ва ба 8, 5 соли зиндон макум шуд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Шодизода, нисбати ин Сайфиддин Ғозиев, парванди ҷиноӣ бо модаи 285, қисми 4, яъне аз ғайриқонунӣ аз худкунии маблағҳои буҷавӣ татбиқ шудааст.

Аммо додистони ноҳияи Шӯрообод таъкид кард, ки ин фард танҳо 3 ҳазор сомонӣ аз маблағи аз худкардаро барқарор кардааст.

XS
SM
MD
LG