Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО: Русия қонунҳои байналмилалиро поймол кард (ВИДЕО)


​Намояндаи НАТО дар Осиёи Марказӣ дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе амалкарди Русия дар Украинаро танқид кард.

​Намояндаи НАТО дар Осиёи Марказӣ дар як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе аз амалкарди Русия дар Украина танқид кард.

Александр Винников, намояндаи НАТО дар Осиёи Марказӣ, гуфт, Маскав бо рафтори худ қонунҳои байналмилалиро поймол намудааст.

Вай афзуд, "онҳо дар мавриди аввал оинномаи Созмони Милалро вайрон карданд. Санадҳои бунёдие, ки бо мо имзо карда буданд, онҳоро нақз карданд ва дар маҷмӯъ тамоми сохтори бехатарии ҷаҳон баъд аз ҷанги сардро ба хатар мувоҷеҳ намуданд. Мо созишномаи Минскро риоя мекунем. Мо аз Русия ва дигар тарафҳо даъват мекунем, то тааҳҳуди худро дар ин замина риоя намоянд."

Аммо Александр Винников аз равобити НАТО бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ситоиш кард ва гуфт, ин ҳамкорӣ ба марҳилаи нав ворид шудааст. Бо ин ҳам ҷаноби Винников таъкид кард, Паймони Атлантики Шимолӣ ҳеч кишвареро ба ҳамкорӣ маҷбур намекунад.

Нишасти Александр Винников, намояндаи НАТО дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Намояндаи НАТО гуфт, ҳоло назарҳое вуҷуд дорад, ки Афғонистон ба дунболи фаъол шудани пайравони гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба Сурияи дувум табдил меёбад ва дар пайи ин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хатар таҳдид мекунад.

Александр Винников
Александр Винников

"Воқеан, на танҳо Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ аз эҳтимоли ташаннуҷи авзоъ нигаронанд. Аз ҷумла, таъкид мекунанд, ин хатар аз Афғонистон маншаъ мегирад. Албатта, мо фаъолшавии гурӯҳҳои ифротӣ дар ҳар минтақа, аз ҷумла дар Сурия ва Ироқро назорат мекунем, ба хусус, фаъолияти гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро, ки алакай нерӯ ҷамъ кардааст. Аммо барои мо чунин менамояд, ки кишварҳои Осиёи Миёна тавони хуби рӯёрӯи бо ин гуна гурӯҳоро доранд. Итминон дорам, бо кумаки ҷомеаи ҷаҳонӣ тавони ин кишварҳо боз ҳам хубтар хоҳад шуд. НАТО ҳамеша барои кумак омода аст",-таъкид дошт намояндаи НАТО дар Осиёи Марказӣ.

Аммо ҷаноби Винников гуфт, хуруҷи нерӯҳои НАТО ба маъное нест, ки дигар ин созмон ба Афғонистон кумак намекунад: “Шумо медонед, ки миссияи мо дар Афғонистон соли гузашта ба анҷом расид, ки чанд сол барои барқарории амнияту субот ба ҳукумати Афғонистон кумак мерасонид. Аммо аз моҳи январи соли ҷорӣ мисияи наверо бо унвони “Дастгирии қатъӣ” дар Афғонистон роҳандозӣ кардем, ки ин маънои онро дорад, мо ин кишварро танҳо намегузорем. Мо кумакҳои худро дар шаклҳои ғайриҳарбӣ ба ин кишвар идома медиҳем. Низомиёнашонро таъмин медиҳем ва кӯшиш мекунем, артиши Афғонистон худкифо шавад.”

Сюзан Эллиотт
Сюзан Эллиотт

Дар нишасти матбуотии намояндаи НАТО дар Осиёи Марказӣ, инчунин, сафири Амрико Сюзан Элиотт иштирок дошт. Вай гуфт, "бунёди тарҳи минтақавии CASA-1000 метавонад вазъро дар минтақа тағйир диҳад". Дар иртибот бо вазъи Афғонистон, Сюзан Элиотт изҳори умедворӣ кард, ки ин кишвар "ҳеч гоҳ Сурияи дуюм нахоҳад шуд".

Ӯ гуфт, ҳоло Афғонистон ба пешрафтҳои хубе ноил шудааст: “Даҳ соли пеш касе ба мактаб намерафт. Ҳоло ҳатто духтарон ба мактаб мераванд. Ман ба ин нуқтаи назарҳо, ки Афғонистон ба Сурия дуввум табдил меёбад, ризо нестам. Мо ба муваффақиятҳои зиёд ноил шудем, ҳарчанд, ин осон набуд. Афғонистон дар нисбат ба 10-15 соли пеш хеле пешрафтатар шудааст.”

Аммо Холгер Грэн, сафири Олмон дар Тоҷикистон, ки ин нишастро мизбонӣ мекард, гуфт, ҳамеша барои посух ба хатрҳои эҳтимолӣ омода бояд шуд: “Хатарҳо ҳаст. Таҷрибаи Сурия ва Ироқ нишон дод, ки чунин таҳдид метавонад, зуд пайдо шавад ва дарозмуддат боқӣ монад. Ин таҳдидҳо ғайриинтизор ҳам пайдо мешаванд. Ба ҳор ҳол, фикр мекунам, низоъ миёни Толибон ва ҳукумати Афғонистонро худи ин ҳукумат тавони ҳал кардан дорад ва аз ин рӯ, ба кишварҳои ҳамсояи он ҳеҷ хатари ҷиддие таҳдид нахоҳад кард.”

Сафири Олмон дар Тоҷикистон инчунин гуфт, баъзе сиёсатмадорони Русия НАТО-ро хатар барои кишварҳои Осиёи Миёна медонанд, аммо афзуд, “ин гуфтаҳо аблаҳонаанд, зеро ба ҳам задани субот ҳадафи мо нест.”

НАТО беш аз 20 сол боз, пас аз оне, ки Шӯравӣ пош хӯрд, бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳаморкӣ дорад. Аммо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз Русия вобастагии зиёд доранд, дар самти ҳамкори бо ин паймони низомӣ ҳамеша эҳтиёткорона рафтор мекунанд.

Зимнан, нишасти хабарии намонядаи НАТО дар Осиёи Марказӣ дар сафорати Олмон дар Тоҷикистон баргузор шуд, ки хабарнигорони дохиливу хориҷӣ дар он ҳузур доштанд.

Ба иттилои сафорати Олмон дар Тоҷикистон, дар солҳои 2015-2016 масъулияти иҷрои ваколатҳои сафорати НАТО дар Тоҷикистон ба дӯши ин намояндагии дипломатӣ вогузор шудааст. Дар ду соли гузашта ин масъулиятро сафорати Фаронса дар Душанбе анҷом медод.

XS
SM
MD
LG