Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи кушодаи дзюдои Аврупо


Паҳлавонони тоҷик Фарҳод Раҳимов ва Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи кушодаи Аврупо оид ба дзюдо дар Варшаваи Лаҳистон ширкат хоҳанд кард.

Фарҳод Раҳимов ва Комроншоҳи Устопириён, паҳлавонони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи кушодаи Аврупо оид ба дзюдо, ки рӯзҳои 28 феврал – 1 март дар пойтахти Лаҳистон - Варшава баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқа танҳо байни мардон дар 7 вазн сурат мегирад. Дар рӯзи аввали мусобиқа (28-уми феврал) паҳлавонон дар се вазн – 63 кг, 66 кг ва 73 кг ва дар дар рӯзи дувум (1-уми март) дар чаҳор вазн - 81 кг, 90 кг, 100 кг ва +100 кг – қувваозмоӣ мекунанд.

Ҳарду паҳлавони тоҷик - Фарҳод Раҳимов дар вазни зери 81 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило - дар рӯзи дувуми мусобиқа – 1-уми март - вориди рақобат мешаванд.

Дарвоқеъ, ин дувумин мусобиқаи байналмилалӣ барои дзюдочиёни тоҷик дар мавсими имсола ба шумор меравад. Ёдовар мешавем, аз ин пеш паҳлавонони тоҷик Фарҳод Раҳимов ва Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи силсилаи Гран-прии дзюдо, ки рӯзҳои 21-22-юми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор шуда буд, шикаст хӯрданд.

Фарҳод Раҳимов дар даври аввал бар Константинс Овчинниковс аз Латвия ғолиб омад. Вале ӯ дар даври дувум аз Травис Стевенс аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мағлуб гашт. Дар ин вазн ҳамагӣ 54 гуштигир ширкат дошт.

Комроншоҳи Устопириён низ дар даври аввал бар Муҳаммад Дарвеш аз Миср дастболо шуд, вале дар даври баъдӣ аз Арон Ҳилдебранд аз Олмон шикаст хӯрд. Теъдоди гуштигирон дар ин вазн 46 нафар буд.

Дар мусобиқаи кушодаи Аврупо дзюдочиён, инчунин, барои ба даст овардани имтиёзҳои олимпӣ ҷиҳати ширкат дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд. Бояд гуфт, ки аз рӯи ҷамъбасти умумии мусобиқоти интихобӣ 22 гуштигири зӯртарин дар ҳар як вазн ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол дар рейтинг ё раддабандии беҳтарин дзюдочиёни ҷаҳон Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кило бо 810 имтиёз дар ҷойи 15-ум ва Фарҳод Раҳимов дар вазни 81 кило бо 128 имтиёз дар ҷойи 97-ум қарор доранд.

XS
SM
MD
LG