Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев силоҳи вазнинро аз Донбасс берун мекунад


Мақомоти низомии Украина рӯзи 26 феврал хабар доданд, ки берун кардани тонку зиреҳпӯш ва тӯпхона аз минтақаи низоъ дар шарқи кишвар шурӯъ шуд.

Аз ин пеш гуфта шуд, ки тайи шабонарӯзи гузашта дар минтақаи низоъ дар шарқи кишвар ягон нафар кушта нашудааст. Андрей Лисенко, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Украина гуфт, акнун нерӯҳои ҳукуматӣ имкон пайдо намуданд, ки тонку зиреҳпӯшҳо ва тӯпхонаро аз минтақаи низоъ берун кунанд. Киев ба далели тирандозиҳои пайвастаи ҷудоихоҳон аз берун кардани силоҳи вазнин аз хатти ҷабҳа худдорӣ мекард.

Дар ҳамин ҳол ҷудоихоҳони рустабор гуфтанд, ки аз фурудгоҳи Донетск – саҳнаи даргириҳои шадид бо нерӯҳои ҳукуматии Украина да чанд моҳи ахир ҷасади дасти кам 30 низомии украиниро пайдо ва ба масъулини вазорати дифоъ супурданд. Нерӯҳои украинӣ моҳи гузашта маҷбур шуданд, ки фурудгоҳи шаҳри Донетскро тарк намоянд.

XS
SM
MD
LG