Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби Бишкек аз Минск барои истирдоди Боқиев


Ҷониш Боқиев

Ҷониш Боқиев

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон рӯзи 26 феврал аз мақомоти Белорус даъват кард, ки барои боздошт ва истирдоди Ҷонибек (Ҷониш), бародари хурдии раисиҷумҳури пешин Қурмонбек Боқиев, аз чораҳои зарурӣ кор бигиранд. Ҷонибек Боқиев дар куштори як раҳбари олами ҷиноии қирғиз дар Минск шумонбар мешавад.

Хабаргузории Интерфакс изҳороти вазоратро овардааст, ки дар он, аз ҷумла, омадааст, “ҳарчанд Боқиев ва атрофиёни ӯ дар Қирғизистон барои ҷиноятҳои сангин маҳкум ба зиндон шудаанд ва дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор доранд, онҳо на фақат дар қаламрави ҷумҳурии Белорус озодона ба сар мебаранд, балки ҷиноятҳои нави сангин содир мекунанд”.

Аз ин пеш раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек отамбоев аз мақомоти Белорус хоста буд, ки абъзои хонаводаи Боқиевро ба Бишкек истирдод кунанд.

Ҷониш Боқиев, ки солҳои 2008-2010 раиси гурӯҳи муҳофизони раисиҷумҳури Қирғизистон буд ва баъд аз суқути бародараш Қурмонбек Боқиев дар Минск панаҳ ёфт, дар даст доштан дар куштори яке аз раҳбарони олами ҷиноии қирғиз Алмамбет Анапияев гумонбар мешавад. Ҷасади Анапияев бо чанд зарби корд ахиран дар Минск ошкор шуд.

XS
SM
MD
LG