Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Давлати исломӣ" 220 насрониро рабудааст


Фирори ошӯриёни насронӣ

Фирори ошӯриёни насронӣ

Ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” тайи се рӯзи ахир 220 тан аз ошӯриёни насрониро рабудаанд. Созмони нозири ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Бритониё, рӯзи 26 феврал хабар дод, ки ин гурӯҳ дасти кам 10 рустои насронинишин дар шимолу шарқи Сурияро ишғол намуданд. Ба иттилои гурӯҳи насронии Сурия, садҳо насрониҳо ба ду шаҳри асосии вилоятиҲасакаеҳ фирор карданд.

ИМА ҳамла ба рустоҳои насрониро маҳкум намуд ва аз «Давлати исломӣ» хост, ки рабудашудагонро озод кунад. Кохи Сафед дар як изҳороте, ки шоми 25 феврал нашр шуд, ҳамла ба насрониҳоро - охирин далели бедодгариҳои “Давлати исломӣ” дар қиболи мардуми бегуноҳи минтақа номид.

Мусаллаҳони гурӯҳи «Давлати исломӣ» баъд аз ишғоли минтақаҳои азими Сурия ва Ироқ ба қатли аққалиятҳои мазҳабӣ ва мусалмонҳои суннимазҳабе шурӯъ карданд, ки аз эътирофи “халифат” сарпечӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG