Пайвандҳои дастрасӣ

26 апрел интихоботи ғайринавбатии президент


Суханронии Назарбоев аз телевизион

Суханронии Назарбоев аз телевизион

Дар Қазоқистон 26 апрел рӯзи баргузории интихоботи зудрас ва ғайринавбатии раёсати ҷумҳурӣ эълон шуд. Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳур гуфт, ки ин интихобот ”бояд ҷиддан бар асоси қонун, озод ва одилона бо ширкати нозирони дохилӣ ва байналмиллалӣ баргузор шавад”.

Вай ин суханонро дар паёми телевизионии худ ба мардуми кишвараш изҳор дошт. Ташаббуси баргузории интихоботи зудрасро Шӯрои Анҷумани мардумони Қазоқистон 14 феврал матраҳ карда буд.

Сипас ҳар ду маҷлиси порламон ба раиси ҷумҳур муроҷиат карданд ва хостанд, ки вай интихоботи ғайринавбатии раёсати ҷумҳурӣ эълон кунад.

Бар асои қонунҳои Қазоқистон, интихоботи ғайринавбатиро раиси ҷумҳур эълон мекунад ва он баъд аз эълон бояд дар давоми ду моҳ баргузор шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG