Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудоихоҳон оташбасро риоят намекунанд


Низомиёни Украина мегӯянд, ки ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия созишномаи нави оташбасро риоят намекунанд, бо вуҷуди он ки онҳо аз ин созишнома ҷонибдорӣ намудаанд.

25 феврал сухангӯи низомиёни Украина гуфт, ки ҷудоихоҳон шабона ба рустои Попасна тирандозӣ кардаанд ва талош доштаанд, ки рустои Широкинеро дар наздикии Мариупол дар соҳили баҳри стратегии Азов ба назорати худ дароранд.

12 феврал бо миёнравии раҳбарони Фаронсаву Олмон созишномаи нави оташбас ба имзо расид ва ҷонибҳо розӣ шуданд, ки аслиҳаи вазнини худро аз хати инзиво фаро хонанд. Вале нируҳои Украина мегӯянд, ки аслиҳаи вазнини худро фаро нахоҳанд хонд, то даме ки ҷудоихоҳон ба ҳамлаҳои худ хотима диҳанд.

XS
SM
MD
LG