Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷумҳурии Чех 9 нафар кушта шуданд


Бино ба гузоришҳо, дар яке аз минтақаҳои шарқии ҷумҳурии Чех дар тирандозӣ 9 нафар кушта шудаанд. Матбуоти Чех мегӯяд, як мард дар шаҳраки Уҳерски Брод вориди тарабхона шудааст ва ба тирандозӣ шурӯъ кардааст.

Милан Хованетс-вазири корҳои дохилаи Чех мегӯяд, ки 8 нафар кушта шудаанд ва шахси ҳамлакунанда низ дар миёни онҳо ҳаст.

Уҳерски Брод дар 300 километрии ҷануби шарқи Прага-пойтахти ҷумҳурии Чех қарор дорад ва тақрибан 15 километр дуртар аз марзи Славакия ҷойгир аст. Сабабҳои ин ҳамла тақиқ мешавад.

XS
SM
MD
LG