Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Назарбоев: Мубориза бо тундгароӣ қаввитар шавад


Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон дастур додааст, ки бар зидди тундгароӣ ва иттилоърасонии мардум тадбирҳоеро рӯи даст бигиранд. Дар ин бора дафтари матбуотии раиси ҷумҳур хабар додааст.

Нурсултон Назарбоев-зимни суханони худ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Қазоқистон гуфт, “бо назардошти равандҳои сартосарӣ ва минтақаӣ метавон гуфт, ки тундгароии мазҳабӣ, терроризм ва хатарҳои иқтисодӣ вуҷуд дорад”.

Дафтари матбуотӣ аз қавли раиси ҷумҳур гуфт, “бояд маъракаи иттилоърасонӣ анҷом бигирад, то мардум аз ақидаҳои ифротгароӣ дар канор бимонанд”.

Назарбоев ҳамчунин ба ҳукумат дастур дод, ки ба ҳали мубоҳисоте, ки сабаби муноқишаҳои иҷтимоӣ ва корӣ мешавад, бештар диққат диҳанд.

XS
SM
MD
LG