Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти низомии Украина мегӯянд, ки ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия бо нақзи созишномаи оташбас ба мавзеъҳои ҳукуматӣ ҳамла бурдаанд. Анатолий Стелмах-сухангӯи низомиёни Украина 24 феврал аз телевизион гуфт, ки нируҳои ҷудоихоҳ шаби 23 феврад 7 бор ба шаҳраки стратегии Дебалтсево ҳамла кардаанд.

Стелмах гуфт, ки ҷудоихоҳон аз тӯпхонаву аслиҳаи дигар ба се минтақаи наздикии Донетск оташ кушодаанд ва субҳи 24 феврал 30 дақиқа бо нируҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Мариупол дар наздикии Баҳри Азов ҷангидаанд.

Бар асоси тавофуқоте, ки бо миёнравии раҳбарони Фаронсаву Олмон 12 феврал ба даст омада буд, бояд ҳар ду ҷониб аслиҳаи вазнини худро аз хати инзиво фаро хонанд, вале Украина 23 феврал гуфт, ки наметавонад ин корро анҷом диҳад, зеро ҷудоихоҳон то ҳол ба ҳамлаҳои худ идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG