Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шаҳрвандонро беасос дастгир накунед"


Рӯзи 24 феврал коллегияи додситони кулли Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони Кумитаи амнияти миллӣ, вазорати умури дохила, Оҷонсии зидди коррупсия ва Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баргузор шуд.

Дафтари матбуоти додситонии кулли Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷаласа иаслан масъалаҳои марбут ба фасоду ришва, ки дар нишасти рӯзи 17 феврали Шӯрои амният аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд, маврид баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷараёни ҷаласа ҷиҳати таҳкими мубориза бо коррупсия ва пурзӯр намудани мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ зикр ва аз ҷумла таъкид шудааст, ки сифати тафтишоти пешакии парвандаҳои марбут ба коррупсия беҳтар карда шавад, беасос парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда нашавад ва ғайриқонунӣ шаҳрвандон дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида нашаванд.

XS
SM
MD
LG