Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳат Алиевро дар зиндон мурда дарёфтанд


Роҳат Алиев
Роҳат Алиев

Додгоҳи Австрия ва баъзе мақомоти расмӣ мегӯянд, ки Роҳат Алиев-домоди пешини Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистонро дар яке аз зиндонҳои Вена-пойтахти Австрия мурда дарёфтаанд. Солҳои охир Роҳат Алиев ба мухолифи сиёсии падарарӯси пешини худ табдил ёфта буд.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки Роҳат Алиев дар зиндон худро овехтааст. Сухангӯи додгоҳи австрия 24 феврал гуфт, ки Роҳат Алиев”худкушӣ кардааст”.

Додситонҳои Австрия Алиевро моҳи декабр барои куштори ду корманди бонк дар соли 2007 муттаҳам карда буданд ва барои ин куштор Қазоқистон борҳо аз мақомоти Австрия истирдоди Алиевро тақозо карда буд.

Роҳат Алиев сафири Қазоқистон дар Австрия буд ва ба таври ошкор аз Нурсултон Назарбоев интиқод мекард. Вай парвандаи зидди худро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонист. Алиев аз моҳи июни соли гузашта, яъне аз замоне, ки худро ба мақомоти Австрия таслим кард, дар зиндон ба сар мебурд.

Додгоҳи Қазоқистон вайро соли 2008 ба 40 соли зиндон маҳкум намуд. Вайро барои талоши сарнагунии ҳукумат ва ташкили гурӯҳи ҷиноӣ, ки ба рабудани одамон машғул буд, муттаҳам карданд.

Мақомоти Қазоқистон соли 2013 Алиевро гумонбари куштори Алтинбек Сарсенбайулу-раҳбари мухолифон ва ду ҳамкори вай эълон карданд.

Австрия ду бор дархости Қазоқистонро дар бораи истирдоди Роҳат Алиев ба Қазоқистон рад кард ва гуфт, ки дар ин ҷумҳурии Шӯравии пешин вазъи ҳуқуқи башар хуб нест. Соли 2011 Австрия худаш расидагӣ ба парвандаи вайро оғоз кард.

XS
SM
MD
LG