Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 24 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, сокини шаҳри Душанбе рӯзи 23 феврал Фотима Зоироваи 31-соларо бо иттиҳоми ба як сокини ноҳияи Ёвон фурӯхтани кӯдакаш дастгир кардаанд. Тавре вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Фотима Зоирова кӯдаки худро дар ивази 500 доллар ба сокини ноҳияи Ёвон Бурҳон Убайдуллоев додааст. Ба гуфтаи мақомот, ин зан кудакашро рӯзи 17 апрели соли соли 2014 дар яке аз таваллудхонаҳои пойтахт ба дунё овардааст. Дар Тоҷикистон мавридҳои ба ягон хешу табори бефарзанд ба фарзандӣ додани навзодон зиёд мушоҳида мешавад. Вале тибқи қонунҳои Тоҷикистон, агар ин кор тибқи муқаррароти расмии фарзандхонӣ сурат нагирад, метавонад сабаби ба масъулият кашондани ҳам волидони кӯдак ва ҳам онҳое шавад, ки ин кӯдакро ба фарзандӣ мегиранд. Ҳамин тавр, дар бархе мавридҳо занҳое, ки аз шавҳар ҷудо мешаванд ва ҳам заноне, ки аз алоқаҳои ҷинсии ғайришаръӣ таваллуд мекунанд, ба хотири бадном нашудан фарзанди ба дунё овардаашонро ба ягон оила ба фарзандӣ медиҳанд.

XS
SM
MD
LG